Табрикот барои иди Навруз – Навруз муборак!

0

Табрикот барои иди / ҷашни Навруз – Навруз муборак! Табрикнома барои чашни Наврӯз. Навруз муборак!

навруз муборак 21 март картинка
Иди Наврӯз муборак!

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Лоиқ


Наврӯзи оламафрӯз ҳумоюн бод🌸

Саломи самимии моро бипазиред дӯстони арҷманд!

Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони Шумо Муборак бошад!

Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз қабили бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо маҳсуб ёфта, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо иштироки хурду бузурги диёр, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегирифтанд.

Мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳоиҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд.

Дар хонадони шумо саломатӣ ва аҳли оилаатону пайвандонатон тансиҳатию хушбахтӣ хоҳонем!

Бигзор Наврӯзи имсола бо тамоми шукӯҳу шавкаташ ба мардуми ватани азизамон баҳори нек, амалишавии ниятҳо, ба деҳқонон ҳосили фаровон, ба донишҷӯён илми кофӣ, зиракиву бедории сиёсӣ, ба устодон муроди дилу комгорӣ эҳдо намояд.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!

Бо эҳтиром, ________________.


Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Дуруду пайғом ба аҳли сомона! Иди сари сол, яъне Наврӯз муборак бод! Бигзор, Наврӯзи имсола ба ҳар як хонавода бо файзу баракот ворид гардида, шодиву хурсандӣ орад.


Шеърхо дар васфи НАВРУЗ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст