Алишери Навоӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Намунаи ашъор

0

# Савол

Алишери Навоӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Алишери Навоӣ.

Алишери Навои кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Алишери Навои.

# Ҷавоб

Мир Алишери Навоӣ соли 1441 дар хонадони шахси бомаърифате ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолӣ нисбат ба шеър майлу рағбат пайдо карда, аз синни понздаҳсолагӣ ҳамчун шо­ир шуҳрат пайдо мекунад.

Алишер Навоӣ 3 январи 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст.

# Намунаи ашъор

Эй хоки сари кӯи ту гаштан ҳаваси мо,
Бар пои сагат бӯса задан мултамаси мо.

Гар дам задани мо бувад аз меҳри ту чун субҳ,
Сад шом сияҳрӯз шавад аз нафаси мо.

Дар бодияи шавқи ту чун роҳила бандем,
Зикри малак ояд зи фиғони ҷараси мо.

Бо неши ғаму ҷисми заиф оҳ барорем,
Сӯят магар ин бод барад хору хаси мо.

Бечорагии мо ҳаваси чорагарон шуд,
То ту шудӣ аз лутфу карам чорараси мо.

Ҳар кас, ки зи афтодагӣ орад ба касе рӯй,
Мо рӯ ба кӣ орем, туӣ чунки каси мо?!

Фонисифатам, рӯҳ кунад сӯи ту парвоз,
Эй, аз шакаристони ту қути магаси мо. >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)