# Савол
Хламидомонада чист? Таърифи хламидомонада аз фанни ботаника бо забони тоҷикӣ / точики.
# Ҷавоб
Дар фасли баҳор ё тобис тон сатҳи болоии оби ороми кӯл ё ҳавзро қабати зумуррадранг фаро мегирад. Гӯё об «шукуфта» бошад. Дар асл бошад, ин ҳолат ба рушди боавҷи обсабзҳои сершумори якҳуҷайра вобаста мебошад. Агар қатрае аз ин обро гирифта, дар зери микроскоп нигоҳ кунем, дар байни дигар обсабзҳои якҳуҷайра обсабзи хеле серҳаракат – хламидомонадаро мебинем.
Тарҷумаи «хламидомонада» аз забони юнонӣ чунин аст: мавҷудоти содатарине, ки онро «либос-лифофа» пӯшидааст. Аз рӯйи сохти беруниаш хламидомонада шакли гирд, тухмшакл ё нокмонандро дорад. Дар нӯги борики пеши ҳуҷайра ду қамчинаки баробарандоза ҷой гирифтааст, ки тавассути он хламидомонада дар об ҳаракат мекунад 1.

