Шеър дар васфи мохи шарифи РАМАЗОН

0

Якчанд шеърхо дар васфи мохи шарифи Рамазон оварда мешаванд. Моҳи шарифи Рамазон. Хонед ва ба дӯстонатон фиристед >>

Моҳи рамазон муборак! Мохи шарифи Рамазон
Моҳи Рамазон муборак

ЭЙ РАМАЗОН, МАРҲАБО ХУШ ОМАДӢ

Моҳи зикру моҳи тасбиҳу салот,
Моҳи хайру моҳи шодию нишот,
Моҳи аз кирдори нопокон наҷот,
Эй Рамазон, марҳабо хуш омадӣ.

Қалби мо аз файзи ту пурнур шуд,
Чашми ҳақ бинову ботил кур шуд,
Ақлу ҳуш, з-андешаи бад дур шуд,
Эй Рамазон, марҳабо хуш омадӣ.

Дар масоҷид саф ба саф истодаем,
Аз майи ишқаш чу масти бодаем,
Ҳамдгӯён сар фуруд овардаем.
Эй Рамазон, марҳабо хуш омадӣ.

Моҳи Қуръон, моҳи Меъроҷи Расул,
Моҳи ҳар як каф дуо гаштан қабул,
Моҳи имконоти бар ҷаннат духул,
Эй Рамазон, марҳабо хуш омадӣ.

Халқи тоҷик тоҷ бар сар мекунад,
Боз ҳам худро мунаввар мекунад,
Аз қудумат файз аз бар мекунад,
Эй рамазон, марҳабо хуш омадӣ!

Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ (02.04.2022)


ХУШ ОМАДӢ

Имрӯз зи ту нуру зиё металабем,
Исломи асили Мустафо металабаем.
Аз даҳр бишуста дасту дил, лутфи туро
Бо дасти тиҳию бо дуо металабем.

Хуш омадӣ, эй моҳи шарифи Рамазон,
Бо омаданат пок бисоз ин дилу ҷон.

Дар ҷодаи ишқ гашта овора дилам,
Аз дарди фироқ зору бечора дилам.
Сӣ рӯзи висолро ба мо бахшидӣ,
Гардид зи иштиёқ сипора дилам.

Хуш омадӣ, эй моҳи шарифи Рамазон,
Бахшой ҳаловат аз ҳузури Қуръон.

Инсоф бидеҳ ба он, ки инсоф кунад,
Ҳам баҳри ҳамон, ки кори нософ кунад.
Хуш рӯзи касе, ки бо накӯкории хеш
Дилро зи ғубору зангҳо соф кунад.

Хуш омадӣ, эй моҳи шарифи Рамазон,
Моро ба ҳамон муроди аслӣ бирасон!

Фозил ШУКУРЗОД


МУБОРАК БОД БАР ТУ МОҲИ РАҲМАТ

Биёмад бо вуҷуди пок рӯза,
Биёрад файз бар ин хок рӯза.
Агар, ки эҳтиромаш пос дорӣ,
Ба рӯҳи ту шавад идрок рӯза.

Ало, эй муъмину эй аҳли ҳикмат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

Зи ҳарфи Кибриё гӯянд бисёр,
Зи таҳти дил дуо гӯянд бисёр,
Барои ҳурмати сӣ рӯзи раҳмат,
Бубин, зикри Худо гӯянд бисёр.

Ало инсони бомеҳру матонат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

Нишоти рӯҳ мегардад таровеҳ,
Ки моҳи хатми Қуръон асту тасбеҳ.
Агар хоҳӣ, ки рози рӯза донӣ,
Ба чашму қалб ҳам соим будан беҳ.

Ало, эй аҳли имону фаросат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

Иҷобат мепазирад ҳар дуоят,
Ибодат мешавад ҳар як навоят.
Шабонашро ба зорӣ рӯз гардон,
Қабули Ҳақ шавад то илтиҷоят.

Ало муштоқи рӯзи пурсаодат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

Шаби Қадр аст хоси моҳи мазкур,
Бувад ҳар ганҷи он дар парда мастур.
Чунон дар қалб машъал мефурӯзад,
Ки ҷисму ҷон шавад аз рӯза масрур.

Ало, эй бандаи дар фикри тоат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

Нигаҳ кун, лутфи Холиқ беҳисоб аст,
Ба батни вожае садҳо китоб аст.
Ба зоҳир гарчи дарвешанд ёрон,
Даруни қалби эшон офтоб аст.

Ало дилдодаи зикру ибодат,
Муборак бод бар ту моҳи раҳмат!

ХУСРАВ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст