Қуръон дар моҳи Рамазон якбора фуруд омадааст ё ки оят-оят нозил шудааст?

0

# Савол

Қуръон дар моҳи Рамазон якбора фуруд омадааст ё ки оят-оят нозил шудааст? Чунки мегӯянд “моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон”.

# Ҷавоб

Қуръони карим дар шаби Қадр аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё якбора фуруд омадааст. Пас аз он дар муддати бисту се сол тибқи рӯйдодҳо ва талаботи замони нубувват ба таври тадриҷӣ оят-оят ва сура-сура ба Расули акрам (с) нозил шудааст.

Шӯрои уламо (1645)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст