Тарзи намоз хондан. Тарзи хондани намоз, мардхо занхо

0

# Савол

Лутфан тарзи дуруст гузоридани намозро аз ибтидо то интиҳо бо дуо ва дурудҳо мегуфтед. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад.

Тарзи намоз хондан. Тарзи хондани намоз барои мардхо ва занхо.

# Ҷавоб

Намоз зану шавҳар ислом дуо

Равиши гузоридани намоз ба сурати зайл аст:

Ҳаргоҳ шахсе бихоҳад, ки ба намоз шурӯъ намояд, дар ҳоле, ки рост истода ва рӯ ба қибла карда бошад, чунин ният кунад:

«Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози бомдод, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар» ва ҳангоми гуфтани «Аллоҳу акбар» дастҳояшро то баробари гӯшҳояш баланд намояд, сипас дасти росташро болои дасти чапаш гузорида бибандад ва ба зери ноф биниҳад. Баъд дуои саноро бихонад:

«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».

Тарҷума: «Ба покӣ ёд мекунам туро эй Аллоҳ ва ҳамди туро мегӯям, бобаракат аст номи ту ва бартар аст зоти ту, нест худое ҷуз ту».

Баъд аз хондани ин дуо бигӯяд:

«Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим». «Аз бадии шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам».

«Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим». «Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон».

Сипас сураи Фотиҳаро бихонад:

«Алҳамду лиллоҳи Раббил-ъоламин; ар-Раҳмонир-Раҳими Молики явмид-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин. Иҳдинас-сиротал-мустақим; сироталлазина анъамта ъалайҳим; ғайрил-мағзуби ъалайҳим валаз-золлин».

Тарҷума: «Ситоиш Худойро, ки Парвардигори оламиён, Бахшояндаи Меҳрубон, Худованди рӯзи ҷазост. Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой; роҳи касоне, ки бар онҳо инъом кардаӣ; на роҳи касоне, ки бар онҳо хашм гирифта шуд ва на роҳи гумроҳон».

Пас аз хондани сураи Фотиҳа «омин» бигӯяд ва як сураи дигар бихонад:

«Қул ё айюҳал-кофирун. Ло аъбуду мо таъбудун. Ва ло антум ъобидуна мо аъбуд. Ва ло ана ъобидум-мо ъабаттум. Ва ло антум ъобидуна мо аъбуд. Лакум динукум ва лия дин».

Тарҷума: «Бигӯ: Эй кофирон! Он чиро, ки шумо мепарастед, ман парастиш намекунам. Ва шумо он чиро, ки ман мепарастам, парастиш намекунед. Ва ман он чиро, ки шумо парастидед, парастиш нахоҳам кард.  Ва шумо низ он чиро, ки ман мепарастам, парастиш намекунед. Шуморо дини шумост ва маро дини ман аст».

Ҳаргоҳ аз қироат фориғ гардид, такбир гуфта ба рукӯъ биравад, дастҳояшро ба зону гузошта ва ангуштонашро кушода намояд, то ба хубӣ зонуҳояшро дар даст гирад, соқҳои пойашро рост намуда бозуҳояшро аз паҳлӯ ҷудо нигоҳ дорад, пушту камар ва сарашро бо якдигар баробар ва ҳамвор созад, то ки яке аз дигаре болову поён набошад. Дар рукӯъ се бор тасбеҳ бигӯяд:

«Субҳона Раббиял-Азим». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Пас аз он сарашро аз рукӯъ баланд намуда «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» «Раббано лакал-ҳамд» бигӯяд ва лаҳзае рост истода ором гирад. Сипас такбир гуфта ба саҷда равад, нахуст зонуҳояшро ба замин гузошта баъд дастҳо ва пас аз он рӯйи худро дар миёни ду дасташ ба замин биниҳад, дар ҳини саҷда бинӣ, пешонӣ ва дастҳои худро ба замин гузорад ва ангуштони дастҳояшро бо якдигар часпонда ба сӯйи қибла намояд, шикамашро аз ронҳояш дур нигошта ва ангуштони пойҳояшро низ рӯ ба қибла гардонад. Дар саҷда се бор  тасбеҳ  бигӯяд:

«Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори Бартарамро ба покӣ ёд мекунам».

Баъд аз он такбир гуфта сарашро баланд намояд ва бинишинад, то он ки ором гирад, дастҳои худро болои ронҳояш гузорад, сипас боз такбир гуфта дубора ба саҷда равад, дар саҷда ором гирфта се бор тасбеҳ бигӯяд:

«Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори Бартарамро ба покӣ ёд мекунам».

Сипас такбир гуфта бо такя бар сарпанҷаҳои пойҳояш бархезад, нахуст сарашро баланд намуда баъд дастҳо ва зонуҳояшро бардорад ва ба ракъати дувум бархоста рост шавад, дасти росташро болои дасти чапаш гузошта дар зери ноф бибандад. Дар ракъати дувум «субҳонакаллоҳумма» ва «аъузу биллоҳ» нахонад, балки «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим» гуфта сураи Фотиҳаро бихонад:

«Алҳамду лиллоҳи Раббил-ъоламин; ар-Раҳмонир-Раҳими Молики явмид-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин. Иҳдинас-сиротал-мустақим; сироталлазина анъамта ъалайҳим; ғайрил-мағзуби ъалайҳим валаз-золлин».

Тарҷума: «Ситоиш Худойро, ки Парвардигори оламиён, Бахшояндаи Меҳрубон, Худованди рӯзи ҷазост. Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой; роҳи касоне, ки бар онҳо инъом кардаӣ; на роҳи касоне, ки бар онҳо хашм гирифта шуд ва на роҳи гумроҳон».

Пас аз хондани сураи Фотиҳа «омин» бигӯяд ва як сураи дигар бихонад:

«Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус-самад. Лам ялид ва лам юлад ва лам якул-лаҳу куфуван аҳад».

Тарҷума: «Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зодашуда аст. Ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест».

Чун аз қироат фориғ шуд, монанди ракъати аввал ба рукӯъ равад ва се бор тасбеҳ бигӯяд:

«Субҳона Раббиял-Азим». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Сипас аз он сарашро аз рукӯъ баланд намуда «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» ва баъд аз он «Раббано лакал-ҳамд» бигӯяд ва лаҳзае ором гирад. Сипас такбир гуфта ба саҷда равад ва монанди ракъати аввал ду бор саҷда кунад. Дар ҳар ду саҷда се бор тасбеҳ бигӯяд:

«Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори Бартарамро ба покӣ ёд мекунам».

Ҳаргоҳ аз саҷдаи ракъати дувум фориғ гардид, пойи чапашро бар замин ҳамвор намуда болояш бинишинад ва пойи росташро истода намуда сари ангуштонашро ба сӯйи қибла гардонад, дасти росташро болои рони рост ва дасти чапашро болои рони чапи худ биниҳад ва ангуштони дастонашро болои ронҳояш кушода гирад, сипас «ташаҳҳуд» бихонад:

«Аттаҳийёту лиллоҳи вас-салавоту ват-таййибот. Ассалому алайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». 

Тарҷума: «Тамоми ибодатҳои қавлӣ, баданӣ ва молӣ барои ризои Худост. Салом бар ту эй Пайғамбар ва раҳмати Худо ва баракоти ӯ. Салом бар мо ва бар бандагони некӯкори Худо. Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Худои ягона ва якто ҳеҷ худое сазовори парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост». 

Пас аз хондани «ташаҳҳуд» ба Пайғамбар (с) дуруд бихонад:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид». 

Тарҷума: «Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ. Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ».

Сипас ин дуоро бихонад:

«Аллоҳуммағфир лӣ ва ливолидаййа ва лиҷамиъил-мӯъминина вал-мӯъминоти вал-муслимина вал-муслимот, ал-аҳёи минҳум вал-амвот».

Тарҷума: «Худоё! Ману падару модарам ва тамоми мардону занони мӯъмину мусулмон ва зиндагону мурдагони онҳоро биёмурз».

Пас аз хондани дуо рӯйи худро ба тарафи рост гардонида бигӯяд:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ». «Салом ва раҳмати Худо бар шумо бод!».

Боз рӯйашро ба тарафи чап гардонида бигӯяд:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ». «Салом ва раҳмати Худо бар шумо бод!».

Агар бихоҳад, ки намози фарзи бомдодро бигузорад, дар ҷойи ибораи «суннати бомдод» «фарзи бомдод» бигӯяд, ҳамчунин дар дигар намозҳо ин ибораро иваз намояд ва намозро ба тавре ки дар боло баён гардид, адо намояд. Агар намоз чаҳор ракъат бошад, пас аз хондани «ташаҳҳуд»  такбир гуфта бархезад ва дастҳояшро дар зери ноф  бибандад, сипас сураи Фотиҳаро бихонад. Агар намози суннат бошад, пас аз хондани сураи Фотиҳа як сураи дигарро бихонад ва сипас рукӯъ ва саҷда кунад. Агар намози фарз бошад, пас аз Фотиҳа сура нахонад ва ҳамон тавре ки дар боло баён шуд, рукӯъ ва саҷда кунад ва боз як ракъати дигар гузорида бинишинад. Пас аз хондани «ташаҳҳуд», «дуруд» ва «дуо» салом диҳад.

Ёддошт: Дар аснои намоз тарҷумаи оятҳо ва зикрҳоро нахонад, балки дар маънои онҳо тадаббур намояд. 

Пас аз фориғ шудан аз намоз, яъне пас аз салом бигӯяд:

«Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Аллоҳумма антас-Салому ва минкас-салом. Таборакта Раббано ва таъолайта ё Зал-ҷалоли вал-икром».

  Тарҷума: «Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Худоё! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст. Бобаракат ҳастӣ эй Парвардигори мо ва Боазаматӣ, эй Соҳиби бузургӣ ва икром». 

Сипас ояти «Курсӣ»-ро бихонад:

«Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува-Ҳайюул-Қайюм. Ло таъхузуҳу синатув-ва ло навм. Лаҳу мо фис-самовоти ва мо фил-арз. Ман зал-лазӣ яшфаъу индаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум. Ва ло юҳитӯна бишайъим-мин илмиҳи илло бимо шоъ. Васиъа Курсийюҳус-самовоти ваарз. Ва ло яъӯдуҳу ҳифзуҳумо. Ва ҳувал-алийюл-азим».

Тарҷума: «Худо, ки ба ҷуз вай ҳеҷ маъбуде нест, Зиндаи Поянда аст; Ӯро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он, ки назди Ӯ  – ҷуз ба ҳукми Ӯ – шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онҳо аст ва он чиро, ки паси пушти онҳо аст; ва мардумон аз маълумоти Ҳақ чизеро, ба ҷуз он чи Вай хостааст, дар намегиранд; подшоҳии Ӯ осмонҳову заминро фаро гирифтааст; ва нигоҳбонии ин ҳар ду барои Ӯ гарон нест; ва Ӯ Баландмартабаи Бузургвор аст».

Пас аз ин сию се бор «Субҳоналлоҳ», сию се бор «Алҳамду лиллоҳ», сию се бор «Аллоҳу акбар» бигӯяд ва ин тасбеҳотро бо бандҳои ангуштонаш бишуморад. Баъд аз итмоми тасбеҳот ин зикрро бигӯяд:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд. Юҳйӣ ва юмиту ва ҳува Ҳайюл-ло ямут. Биядиҳил-хайру ва ҳува ало кулли шайъин Қадир».

Тарҷума: «Нест худое ҷуз Аллоҳи ягона ва беанбоз. Мулк ва ситоиш Ӯрост. Зинда мегардонад ва мемиронад ва Ӯ Зиндаи намиранда аст. Хайр ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе Тавоност».  

Пас аз гуфтани ин зикрҳо даст бардошта дуо кунад:

«Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».

Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш».

Дар ин ҳолат ҳар дуое, ки бихоҳад, бигӯяд ва сипас ҳар ду каффи дасташро бар рӯйи худ бимолад.

Шӯрои уламо (1066)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст