Чистон. Чистонхои шавковар – чистонҳои тоҷики

0

Чистонхои халки. Чистонхои шавковар. Чистон точики чистонҳои точики бо чавобаш. Чистонҳои халқӣ чистонхои точики. 

1.Гилеми заррин
Бораш вазнин

(замин)


2.Як порча абри сиёҳ,
Меравад суйи ҳаво

(дуд)


3.Камзулчааш махмалин,
Муйҳои он тиллогин.
Дар саҳро мисли ӯ нест,
Кокулдори нозанин.

(хурус)


4. Осмон – ялаққӣ,
Замин – тараққӣ.

(каланд)


5. Мегардаду медавад,
Ба ҳеҷ ҷо намерасад.

(Шамол)


6. Тофтем , бофтем,
Ба пушти куҳ партофтем.

(Кокул, мӯй)


7. Равам мерад,
Истам меистад.

(Соя)


8. Дар гирди ҷаҳон, ресмони ало.

(Чашм)


9. Як хона пур аз тиллои сафед.

(Дандон)


10.Тофтам, тофтам,
Пушти сар партофтам.

(Кокул, мӯй)


11.Як суфача,
Панҷ бибича

(каф ва панчахои даст)


12.Сандуқча,
Дарунаш пури мехча.

(Анор)


13.Як дегчаю ошакаш бомазза.

(Чормагз)


14.Худаш якта,
номаш дута.

(харбуза)


15.Худаш якта,
Куртааш чилта.

(карам)


16. Мехи заррин,
Таги замин

(Сабзӣ)


17.Аз куҳ буромад мири ганда,
Сар то қадамаш ҷомаи ҷанда

(шер)


18. Ҳавзи кулум-кулум,
Почадарози калтадум

(шутур)


19.Хишир-хишири по шуд,
Падарлаънат кучо шуд?

(муш)


20.Думаш дарози борик,
Хонааш ҷои торик.

(муш)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст