Абуалӣ ибни Сино кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Абуалӣ ибни Сино кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Абуалӣ ибни Сино.

Абуали ибни Сино кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст?Намунаи ашъори Абуали ибни Сино.

# Ҷавоб

Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омада ва соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот намудааст.

# Намунаи ашъор

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд. >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)