Носири Бухороӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Носири Бухороӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Носири Бухорои кай ва дар кучо таваллуд шудааст?

# Ҷавоб

Шоири машҳури хушсалиқаи тоҷик Носири Бухороӣ, ки бо тахаллуси Шоҳдарвеш ё Дарвеш Носир ҳам маъруф аст, дар Бухоро таваллуд шудааст, вале соли мавлудаш дақиқан маълум нест. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Бухоро гузашта ба сабаби фақирию нодорӣ ба Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Таърихи вафоти шоир низ маълум нест, вале таҳқиқгарон соли реҳлати шоирро байни солҳои 1379–1388 тахмин кардаанд.

Соли даргузашти Носири Бухороиро Сомӣ дар «Қомусулаълом» 776 ҳиҷрӣ (1374 мелодӣ), вале Саиди Нафисӣ 773 ҳиҷрӣ (1371 мелодӣ) қайд кардаанд.

 

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст