#Савол
Ассалому алайкум. Зане духтареро дар хурдсолияш муддати як ҳафта шир додааст, оё метавонад ин духтарро келин кунад? Дар охир бароямон дуо кунед.
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин зан наметавонад он духтарро келин кунад, зеро ў ҳамчун фарзанди насабияш ҳисоб мешавад ва хоҳари фарзандонаш ба шумор меравад. Худованд ба шумо тавфиқу комёбӣ ато фармояд.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2080)
Наметавонад зеро уро шир додааст ва он духтар фарзанд ҳисоб меёбад