Ададҳои дурақама, серақама ва чоррақама

0

# Савол

Ададҳои дурақама, серақама ва чоррақама. Ададхои дуракама, серакама ва чорракама

# Ҷавоб

Ададҳои дурақама (аз 10 то 99) аз шумораи муайяни якиҳо ва даҳиҳо иборатанд. Масалан, адади 12 аз 1 даҳӣ ва 2 якӣ, адади 44 аз 4 даҳӣ ва 4 якӣ, адади 50 аз 5 даҳӣ иборатанд.

Ададҳои серақама (аз 100 то 999) ба ғайр аз якиҳо ва даҳиҳо боз рақами садиҳо низ доранд. Масалан, адади 247 аз 2 садӣ, 4 даҳӣ ва 7 якӣ иборат мебошад. Адади 606 аз 6 садӣ ва 6 якӣ иборат аст. Адади 700 танҳо 7 садиро дарбар гирифтааст.

Ададҳои чоррақама (аз 1000 то 9999) бар замми якиҳо, даҳиҳо ва садиҳо боз ҳазориҳоро низ дороанд. Масалан, адади 4569 аз 4 ҳазорӣ, 5 садӣ, 6 даҳӣ ва 9 якӣ иборат аст. Адади 2020 аз 2 ҳазорӣ ва 2 даҳӣ ташкил ёфтааст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст