Туй муборак! Сухани табрикоти барои туй (Шеър туёна)

0

Туй муборак табрикнома. Шеър барои туй. Шеър дар бораи арусу домод. Табрикот барои туй. Шеърхои табрикоти барои туй. Сухани табрикоти барои туй дар ин саҳифа >>

Туй муборак картинка

Имрӯз бародари азизи мо – ҷавони донишманд, инсони нексиришт ва бедордил, Алӣ* ҷашни арӯсӣ дорад.

Мо, аз номи дӯстон Алии гиромиро ба муносибати ҷашни арусиашон табрику таҳният гуфта, барои ӯ ва ҳамсару ҳамсафари зиндагиашон аз даргоҳи Яздони пок бахту иқболи баланд ва хушбахтиву саломатӣ мехоҳем.

(Номи Алӣ*-ро бо номи домод иваз кунед)

Зи шаҳди зиндагӣ саршор бошед,
Зи файзи бахт бархурдор бошед.

Чу ғам ояд, фиреби хоб бошад,
Чу бахт ояд, шумо бедор бошед.

Зи ҷоми дӯстгонӣ шоду сармаст,
Ба рағми душманон ҳушёр бошед

Ба рӯйи шодмониҳо дари боз,
Ба роҳи ғуссаҳо девор бошед.

Худо ёри шумо бошад ҳамеша,
Баҳам баҳри Худо ҳамёр бошед!


Имрӯз барои мо дӯстон бисёр хушоянд аст,ки дӯсти азизи мо Алӣ* қудумҳои нахустини худро ба шоҳроҳи ҳайёт гузошта истодааст. Ба ин дӯсти азиз пеш аз ҳама хушбахтиҳои рӯзгор, рӯзӣ дар Ватан, сиҳатмандии бардавом ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу мекунем.

Ба ин ҷуфти ҷавони чеҳрахандон бахт мехоҳам,
Ба ин ду ғунчаи даврон бахт мехоҳам.
Барои шаҳпарӣ парвози ҳарду рафтори иқбол,
Барои қалби пуртуғёни онон бахт мехоҳам.


туй муборак домоду арус

Бигзор, ҳаётатон ширину шавқовар бошад. Худованд ба Шумоён фарзандони солиму солеҳ ато фармояд. Илоҳо, тамоми орзуву ормонҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.
Хушбахт бошед, дӯстон!

Илоҳо хонаат обод бошад,
Зи банди ғуссаҳо озод бошад.
Зи кудак то ба пири солхурда,
Тамоми аҳли байтат дилшод бошад.


Шеърхои туёна барои домоду арӯс

Ҳама нозат ғанимат бошад эй гул,
Саропои ту давлат бошад эй гул.
Туро баҳри муҳаббат офариданд,
Мададгорат муҳаббат бошад эй гул.


Имруз арӯс ба ин макон омадааст,
Дар хилвати ёри меҳрубон омадааст.
Аз пойи қудуми ин аруси зебо
Бас файзу барор ба хонадон омадааст.


Дар сад биравӣ, арӯси барно монӣ,
Ҷуфтат ба барат монаду раъно монӣ.
Дар ҳалқаи набераю хешу табор,
Бо қадди чу сарву руи зебо монӣ.


Эй файзи саҳар аруси дилбар,
Садбарги сафеди тозаву тар,

Сар то қадами ту накҳатомез,
Эй рашки ҳазор мушки анбар.

Офат нарасад ба боғи ҳуснат,
Армони дилат шавад муяссар.


Олам зи ишқу ошиқӣ обод мешавад,
Бе ишқ ҳастии ҳама бар бод мешавад.
Ман ҳам умед дорам, аҳли нишаст ҳам,
Келин чароғи хонаи домод мешавад.


Шеърхои табрикоти барои туй

Туй дори бахту бароре хоҳамат,
Осмони беғуборе хоҳамат.

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,
Тоқату сабру қароре хоҳамат.

Умри одам гаҳ баҳору гаҳ хазон,
Умри сабзи арчаворе хоҳамат.

Чаллаат бошад нишони ишқу бахт,
Обрую эътиборе хоҳамат.


Баҳори зиндагият доимо гулафшон бод,
Чу атрии боғи Ирам накҳатат парафшон бод.
Саодати абадат ёр боду чашмаи ишқ,
Дуои лутфи Худо бар сари ту борон бод.


Нигоҳи чашми ту андар амон бод,
Ниҳоли қоматат дурр аз хазон бод.
Зи даргоҳи Илоҳӣ ҳар чи хоҳӣ,
Насиби ту ҳамон боду ҳамон бод.


Қади сарват илоҳӣ кам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз.
Ки як му аз сари ту кам нагардад.


Аз хандаи бахт ҳамеша хуррам бошед,
Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.
Мо дасти дуо баҳри шумо бардорем,
Эй дидаву дил, дурр зи ҳама ғам бошед.


Монанди малика эй арус зебоӣ,
Пеши ту шоҳи шаҳон муборак бошад.
Эй шаҳ ба ту дар тахти равони қисмат,
Ин дилбари меҳрубон муборак бошад!


Муборак, шодии ёрон муборак!
Муборак, хонаободон муборак!
Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед,
Шаби пайвастани авлод муборак!


Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!


Маводи бештар >>

Туй муборак Табрикнома – шеърхои туёна >>

Табрикнома барои туй >>

Дар шаби якуми туй домод бояд кадом дуоҳоро бихонад?

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст