#Савол
Феълҳои монда ва гузаранда кадомҳоянд? Феълхои монда ва гузаранда кадомхоянд? (Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Феълҳо монда ва гузаранда мешаванд.
Амали феълҳои гузаранда бевосита ба предмет мегузарад: (китобро) хондан, (калонсолонро) ҳурмат кардан, (ватанро) дӯст доштан. Феълҳои гузаранда саволҳои киро? чиро? талаб карда, пуркунандаи бевоситаро ба худ тобеъ мекунанд.
Амали феълҳои монда ба предмети дигар намегузарад ва дар худи иҷрокунандаи амал мемонад: нишастан, давидан, омадан, хиҷолат кашидан, ларзидан. Феълҳои монда ба вазифаи хабар омада, пуркунандаи бавосита ва ҳолро ба худ тобеъ мекунанд: ба хона рафтан (ба куҷо?), бо муаллим суҳбат кардан (бо кӣ?).
Аз асоси замони ҳозираи феълҳои монда бо ёрии пасванди -он феълҳои гузаранда сохта мешавад: хобидан-хобондан, афтодан – афтондан, гузаштан – гузарондан
