#Савол
Ассалому алайкум. Даромадан ба биҳишт ё дӯзах дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд. То рӯзи қиёмат рӯҳҳои мурдагон чӣ мекунанд?
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рӯҳҳои мурдагон то рӯзи қиёмат дар олами арвоҳ мемонанд. Аҳли имону амали солеҳ роҳату осоиш меёбанд ва аҳли маъсияту гуноҳ ба азобу шиканҷа гирифтон мешаванд. (Ҷавоб аз Шӯрои уламо – 2242)