Мақсаду маромҳои Ҳаҷ #12

0

Суоли шаръӣ – 12. Максаду маромхои Хач.


Мақсаду маромҳои Ҳаҷ

Суол:

Онгуна, ки дар баъзе китобҳо ва суҳбатҳои устодон шунидаем ҳар ибодате дар дини Ислом мақсадҳои неки воло дорад. Дар бораи мақсадҳои Ҳаҷ чизе мегуфтед.

Ҷавоб:

Қадратон афзун ва фаҳматон бештар бод бародари гиромӣ!

Хуб қайд кардед, ки ҳар ибодате дар дин марому мақсаде дорад. Шахси мусалмон агар марому мақсади ибодатро дарк кунад, онро бо шавқу муҳаббати бештар ва ба шакли шоиста анҷом медиҳад…

Ҷавоби суоли Шуморо ба шакли ин мақола пешкаш намудаем.

МАҚСАДУ МАРОМҲОИ БУЗУРГИ ҲАҶ

Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини Ислом аст ва чун ҳар ибодати дигар дар худ мақсаду маромҳои зиёди дунявӣ ва ухравӣ дорад.

Ин шиори бузурги дин бар фард ва ҷомеа фоидаҳои бузурге дорад, ки баъзеи онро инҷо баён хоҳем кард.

Муҳимтарин мақсадҳои ҳаҷ ба таври зерин аст:

1. Ибодати ҳаҷ далели амалӣ бар он аст, ки шахси мусалмон муҳаббати Аллоҳ Таолоро беҳтар аз молу аҳл кору вазифа ва ватану диёраш қарор додааст. Пас ба муҳаббати Аллоҳ Таоло сахтиҳои сафар ва хатарҳои роҳро таҳаммул намуда ба даъвати Парвардигораш лабайк гуфта танҳо ризомандии Ӯ Таолоро металабад.

2. Ибодати ҳаҷ ба ҳоҷӣ сабр нумудан дар сахтиҳо ва таҳаммули ҷудоӣ аз падару модар, зану фарзанд, дӯстону ҳамкорон ва дурӣ аз ватанро меомӯзонад ва инчунин машқи амалӣ бар сахтиҳои зиндагӣ мегардад. Шахси мусалмон аз ин ибодат барои сахтӣ ва душвориҳои зиндагии ояндаи худ сабру таҳаммул доштанро ба худ касб мекунад.

3. Дар ибодати ҳаҷ тақвияти имон поксозии нафс ва каффораи гуноҳон аст. Чун шахси ҳаҷкунанда дар рӯзҳои ҳаҷ худро барои ибодату тафаккур ва зикри Аллоҳ Таоло, фориғ мегардонанд. Ӯро ғаму андӯҳи зиндагӣ ва зару зеварӣ дунё ба худ машғул намесозад. Албатта ҳангоме, ки дар он порча замини поку муқаддаси хонаи Худо ба каъбаи шариф дар ҳоле рӯбуру мешавад, ки аз ҳама зинати дунёӣ худро канда аст. Бо сари бараҳна, пойи луч, дар тан танҳо либоси эҳром ба бар карда, бузӯргии он макони муқаддас ӯро ба ваҷд оварда хушуъ қалбашро фаро мегирад ва оби чашмонаш ҷорӣ мегардад бо тавбаву ниёиш ба Худо рӯ меоварад. Ва ҳангоме, ки ҳоҷӣ ҷамъомади милиёнҳо мардумро дар майдони Арафот мебинад, ки ҳама бо тазарруъу зорӣ ба фармони Худованд лаббйк мегӯянд, ин ҳолат саҳнаи тарсноки рӯзи қиёматро ба ёди ӯ меорад. Рӯзе, ки аъмоли бандагон назди Худованд арза мешаваду аз амалҳои бандагон ҳеҷ чизе аз Ӯ Таоло пинҳон намемонад.

4. Дар ибодати ҳаҷ камоли баробарӣ ва бародарю инсондӯстӣ дар возеҳтарин шакл таҳақуқ меёбад. Дар ибодати ҳаҷ ҳеҷ фарқе миёни сафедпӯсту сиёҳпӯст, миёни фақиру ғанӣ, миёни роҳбару зердаст дида намешавад. Пас дидани ин ҳолатҳо василаи коштани арзишҳои инсонӣ ба шакли амалӣ дар нафси ҳоҷиён мегадад.

5. Шахси муъмин бо анҷоми ибодати ҳаҷ фарҳангӣ ҷаҳонбинииаш васеъ гардида донишу огоҳии бештар барояш пайдо мегардад, чун бо мардуми аз кишварҳои гуногун бо забонҳои гуногун, бо фарҳангҳои гуногун мулоқот мекунаду аз ҳолу аҳволи онон бохабар мегардад.

Худованди Таоло ба ин ишора намуда мефармояд:

Ва байни мардум барои [адои] ҳаҷ нидо бидеҳ, то пиёда ва [савор] бар ҳар [василаи сафар ё] шутури лоғаре аз ҳар роҳи дуре ба сӯят биёянд.

То шоҳиди манофеи [гуногуни] хеш бошанд ва дар рӯзҳое муайян [ба ҳангоми қурбонӣ] номи Аллоҳро бар чаҳорпоёне, ки ба онон рӯзӣ додаем, ёд кунанд. Пас, аз [гӯшти] он бихӯред ва ба дармондаи тиҳидаст [низ] ғизо бидиҳед”. (Сураи Ҳаҷ: 27,28)

6. Шахси мусалмон ба василаи рафтан ба ҳаҷ порчаҳои сарзамини муқаддасеро мебинад, ки он сарзамин ба дунё омадани исломро мушоҳида намудааст ва ва Паёмбари акрам (с) ва саҳобагони муҷоҳидону қаҳрамононе, ки дар роҳи паҳнсозии ин дин тамоми ҳастии худро бахшидаан, ошно мегардад.

Пас дар нафси ӯ руҳияи иззатмандию каромат ва ангезаи ҳақталабию талош барои ин дин ва ба хотири баргардонидани иззату шарафи мусалмонон бедор мегардад ва инчунин он сахтиҳое, ки Паёмбари акрам (с) дар роҳи даъват дар он сарзамини гарму хушк миёни қавми мушрикони тундхуӣ кашида буданд, барояш возеҳтар мегардад.

7. Инчунин, ҳаҷ қавитарин василаи ошно шудан ва мусоидату кӯмак намудан барои мусалмонон аст.

Инчунин, василаи улфату меҳрубонӣ миёни дилҳои муъимнон ва сарҷамъию муттаҳидии онон мегардад. Мусалмонон дар ҳаҷ эҳсос менамояанд, ки дорои қувваи бузурге ҳастанд, ки агар ба танзим дароварда шаваду идораи дуруст шавад, ҳадафҳояшон амалӣ мегардад ва ба иззату сарбаландӣ мерасанд.

8. Ҳаҷ ҳамоиши исломии солонест, ки пешвоёни фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ муссалмононро бо ҳам ҷамъ месозад ва онон баҳри пешкаш намудани роҳи ҳали мушкилоти уммати ислом ва омӯзишу баррасии он дар фазои дӯситю бародарӣ таҳлилу барарсӣ намуда пешниҳодҳо мекунанд.


Суоли 12, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 30.06.2022.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)