Тиҷорати духтурон бо доруфурӯшиҳо (аз нигоҳи ислом) #52

0

Суоли шаръӣ – 52. Тичорати духтурон бо доруфурушихо


Аз аҳком ва ахлоқи табибон

Суол:

Бародари азиз, мехоҳам оиди як масъала рӯшанӣ андозед.

Масъала ин аст, ки шояд хеле солҳо мешавад байни духтурҳо ва фурӯшандагони дору таомуле мавҷуд аст. Духтур бо доруфурӯш маслиҳат мекунанд, ки вақте бемор ба духтур муроҷиат кард, барои вай доруҳоеро менависад, ки онро аз дукони ҳамон доруфурӯш меёбад ё ба бемор тавсия медиҳад, ки ба фалон дукон рафта, аз номи ман гап занед, онҳо доруҳоятонро ба шумо ёфта медиҳанд. Доруфурӯш ҳаққи духтурро болои нархи он дору зам мекунад. Масалан, агар як банча параситамол 5 сомон бошад, онро бо илова кардани ҳаққи духтур 7 сомон мефурӯшад.

Гоҳо ин тавр ҳолат ҳам пеш меояд, ки агар ба таври мисол, бемор ба 3 навъ дору ниёзманд бошад, духтур барояш 5 ё 10 навъ дору менависад. Он доруҳои иловагӣ имкон доранд ба саломатии бемор ба ҷои фоида зарар расонанд. Аммо ин тарафи кор барои духтур ва доруфурӯш муҳим нест. Онҳо танҳо дар фикри ба даст овардани пайса ҳастанд. Бадии кор дар он аст, ки бемори бечора дар аксар ҳолат аз ин найранги духтур ва доруфурӯш огоҳӣ нест. Лутфан, ба ҳамин масъаларо бо зикри далелҳояш ҷавоб диҳед.

Ҷавоб: 

Бояд гуфт, ки мавзӯи тиб ва табибон бинобар эътиборҳои гуногун, шурӯъ аз аҳамиятнокии ин фан то баёни ахлоқи касбии табибон, ки дар донишгоҳҳои имрӯза ба номи “этикаи касбӣ” ба донишомӯзон таълим дода мешавад, аз назари фуқаҳои собиқ ва мусоир сарфи назар нашуда аст.

Аз он ҷумла, имоми муфассир, фақеҳи усулӣ, олими илми калому фалсафа, Абӯабдуллоҳ Фахриддини Розӣ (р) дар бораи ахлоқи табибон таҳти унвони “Ахлоқу-т-табиб” рисолае дорад.

Мавзӯи тиб ва табибон дар фиқҳи исломӣ то дараҷае аз сӯи фуқаҳо мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор дорад, ки имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд, табибе, ки аз фаннаш бехабар аст, бояд бо ҳукми қозӣ аз идома додани кор дар ин соҳа манъ карда шавад. [Ниг: Фатовои ҳиндӣ; 5/68]

Аммо вобаста ба суоли шумо бошад, қайд кардан ба маврид аст, ки ин таомули байни духтурҳо ва фурӯшандаҳои дору аз чанд ҷиҳат ҳаром ба ҳисоб меравад:

1. Хиёнат ба амонат;

Яке аз сифатҳои зарурӣ дар ин соҳа амонатдории табиб аст. Чуноне маълум аст, онҳо қабл аз қабули ин масъулият савганд ёд мекунанд, ки дар корашон вафодор, амонатдор ва содиқ мемонанд, нисбати беморон хиёнат намекунанд, сиррашонро нигоҳ медоранд.

Вале дар он ҳолате, ки шумо дар суолатон матраҳ кардаед, табибон дар ҳаққи беморон ба хиёнати ошкоро даст мезананд.

Аз Анас ибни Молик (р) омадааст, ки мегӯяд: “Кам хутбае буд, ки Расули Акрам (р) ба мо мехонданд, магар ин ки дар он мегуфтанд:

لا إيمانَ لمن لا أمانةَ له ، ولا دينَ لمن لا عهدَ له

“Ҳар кас амонат надорад, имон (имони комил) надорад ва ҳар кас аҳд надорад, дин надорад”. (Ривояти имом Байҳақӣ (р) дар “Шуъаб-ул-имон”)

Имом Ваҳбаи Зуҳайлӣ (р) дар шарҳу аҳамияти мавҷудияти сифати амонатдорӣ барои табибон гуфтааст: “Амонатдорӣ аз табиб тақозои онро мекунад, ки дар баробари бемор вазифаи заруриашро анҷом диҳад, масъулияташро он гунае ба ҷо орад, ки манфиати бемор ба пуррагӣ таҳаққуқ ёбад, дар ҳаққаш хиёнат накунад, доруи барояш фоидаовар ё нав кашфшударо, новобаста аз арзон ё қимат будани он аз ӯ пинҳон насозад. Худои Таъоло мегӯяд:

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَىٰ أَهْلِهَا

“Ҳамоно Аллоҳ (ҷ) ба шумо супориш медиҳад, ки амонатҳоро ба аҳли он бирасонед…”.
[Нисо: 58]

Яке аз нишонаҳои амонатдорӣ ростгӯӣ аст. Ростгӯӣ амонат ва дурӯғгғӯӣ хиёнат аст. Амонат тақозо мекунад, ки шахс корашро ба наҳви аҳсан анҷом диҳад. Пас, табиб низ бояд ташхис ва муоинаро хуб анҷом дода, доруи муносибтарин ва зудтаъсирбахшро ихтиёр кунад…””.

[Ниг: Имом Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ ва адиллатуҳ; 13/119]

2. Расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба беморон;

Азбаски ба қавли шумо, гоҳо дар дорухат барои беморон доруҳое навишта мешавад, ки бемор ба он зарурат надорад, ин амали духтур ва доруфурӯш ба беморон зарари моддӣ ва маънавӣ расонад.

Зарари моддӣ ба ин маъно аст, ки нафари бемор барои харидории доруҳои нолозим маблағ харҷ мекунад.

Худои Таъоло дар Қуръон оиди бе розигӣ гирифтани моли якдигар мегӯяд:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأْكُلُوٓاْ أَمْوَٰلَكُم بَيْنَكُم بِٱلْبَٰطِلِ

“Эй мӯъминон! Молҳои ҳамдигарро байни худ бо роҳи ботил нахӯред, ҷуз ин ки (молҳо) молҳои тиҷоратие бошад, ки бо розигӣ ба даст омада аст…”.

[Нисо: 29]

Бинобар ин, моле, ки аз ин роҳ ба даст меояд, моли ҳаром мебошад.

Аммо зарари маънавӣ он аст, ки аз рӯи эҳтимоли зиёд, он доруҳои иловагии навиштаи табибон ба саломатии бемор осеб мерасонад ё дар баъзеи ҳолатҳо имкон дорад, ки ҷони ӯро дар хатар гузорад.

Расонидани зиёни маънавӣ ба ҳар бегуноҳ, хусусан ба бемор гуноҳи азим ва нораво аст. Дар яке аз қоидаҳои фиқҳӣ омадааст:

لا ضرر ولا ضرار

“(Шаръан) ба ҳеҷ кас зарар расонидан ҷоиз нест…”.

[Ниг: Шайх Аҳмад ибни Муҳаммади Зарқо; Шарҳ-ул-қавоиди-л-фиқҳия; с/165]

Ин қоида баргирифта аз ҳадисе аст, ки онро Абӯсаиди Худрӣ, Ибни Аббос ва Убода ибни Сомит (р) аз Паёмбар (с) нақл кардаанд. [Ривояти Ибни Моҷа, Дорақутнӣ, Байҳақӣ ва Ҳоким]

Набояд фаромӯш кард, ки агар доруҳои навиштаи духтурон дар ин гуна ё монанди ин ҳолатҳо сабаби зиёни маънавӣ дидани бемор гардад, табибон ба зиёни расонидаашон ҷавобгар мешаванд.

Дар китоби “Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ” оиди ҳолатҳои ҷавобгар гаштани табибон ин ҳолатро зикр мекунад: “… ё ин ки табибе ба беморе бе розигии ӯ барояш доруеро медиҳад, ки дар натиҷа он дору боиси талафшавии узве ё падид омадани нуқсоне мегардад.”

[Ниг: Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ; 12/139]

Яъне, дар ҳолати мазкур табиб зомин ё ба таъбири дигар, ҷавобгар дониста мешавад.

3. Фиреб додани беморон;

Ҷиҳати сеюми ҳаром будани ин амали табибону доруфурӯшон он аст, ки онҳо беморонро ба доми фиреби худ меандозанд.

Фиреб додани мӯъминон дар оятҳои Қуръон ҳамчун сифати қабеҳи мунофиқон ёд шуда аст. Гузашта аз ин, Паёмбар (с) дар ҳадисе мегӯянд:

من غشنا فليس منا

“Ҳар шахсе мо (мусалмонон)-ро фиреб кунад, аз мо нест”. [Ривояти Ҳоким дар “Мустадрак” ва дигарон]

Хулосаи посух:

Хулоса, ин амале, ки байни баъзе табибон ва фурӯшандагони дору сурат мегирад, шаръан гуноҳи азим ва моли аз ин роҳ касбшаванда низ ҳаром аст. Худои Таъоло аз ҳамкорӣ дар гуноҳ ва ҳар навъ таҷовузкорӣ маън карда мегӯяд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

“Ва дар (анҷоми ҳар) некӣ ва парҳезкорӣ ба якдигар ёрӣ диҳед ва дар (анҷоми) маъсият ва таҷозкорӣ ба якдигар ёрӣ нарасонед.”

[Моида: 2]

Валлоҳу аълам.


Суоли 52, Иброҳими Саиднуриддин.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)