Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст?

0

# Савол

Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст ё на? Чунки аз ман чанд бор се-чор нафар пурсиданд, ба онҳо хонаашро нишон додам. Оё бо ин корам ман гунаҳгорам? Ба ин мавзӯъ равшанӣ андозед.

# Ҷавоб

Албатта пеши бинак ва фолбин рафтан гуноҳи кабира мебошад ва касоне, ки мардумро ба хонаи ӯ роҳнамоӣ мекунанд, онҳо низ гунаҳгор мешаванд. Чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед” (“Моида”; 2)

Албатта шумо ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед, омурзиш бихоҳед, иншоаллоҳ Худованд мебахшад. Марди муъмин чун касеро дид, ки хонаи бинак ё фолбин меравад, бояд ба ӯ бигӯяд, ки касе илми ғайбро ба ҷуз Худованди мутаъол намедонад, кушояндаи мушкилҳо ва равокунандаи ҳоҷатҳо танҳо Худованд асту бас. Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли хайр насиб гардонад.

Шӯрои уламо (951)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст