Суруди Миллии Точикистон

0

# Савол

Суруди Миллии Точикистон. Суруди Миллии Тоҷикистон кадом аст?

# Ҷавоб

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дуррии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон чаҳони ҷовидонаӣ
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад, бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад, мароми ҷисму ҷони мо.
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст