Даромади корхона чист? Даромади холис чист?

0

#Савол

Даромади корхона чист? Даромади холис чист? Даромади корхона ва даромади холис

#Ҷавоб

Даромади корхона ҳамчун фарқи хароҷот ва нархи бозорӣ ташкил меёбад. Он дар ду шакл — даромади холис ва даромади умумии корхона сурат мегирад.

Даромади умумии корхона аз харҷи ҳаққи меҳнат ва даромади соф(фоида)-и корхона иборат мебошад. Даромади умумӣ хароҷотро аз нав барқарор намуда, ҳамчун сарчашмаи бо пул таъмин кардани фаъолияти истеҳсо-лию тиҷоратӣ хизмат менамояд. Аз ҳисоби он фонди амортизатсионӣ ташаккул ёфта, воситаҳо барои ба даст овардани ашьё, материал, музди кор ташкил карда мешавад. Дар он фоида низ таҷассум ёфтааст, ки аз ҳисоби он фаъолияти ҳамаҷо-нибаи корхона ба роҳ монда мешавад.

Даромади холис қисми даромади умумии корхона буда, ҳамчун натиҷаи тадбир ва фаъолияти таваккалии соҳибкор ба вуҷуд оварда мешавад. Фарқи даромади умумӣ аз даромади холис дар он аст, ки якӯм дар худ ҳаққи меҳнатро таҷассум мекунад, дуввӯм бошад бидуни он ташкил меёбад. Охирон ҳамчун фоида баромад мекунад.

Кулли даромадҳо дар сатҳи макроиқтисод даромади миллиро ташкил медиҳад. Он ҳамчун нишондиҳандаи макроиқтисодӣ дараҷа ва сатҳи рифоҳи (некӯаҳволии) ҷомеаро нишон медиҳад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст