# Савол
Субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ чист? Субъекти хукуки байналхалки / байналмиллали чист?
# Ҷавоб
Субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқиро меноманд, ки дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии байналхалқӣ буда, соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои байналхалқӣ буда, дар коркард ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ метавонанд бевосита иштирок намоянд.