Шохнома аз чанд кисмат иборат аст?

4

#Савол

Шоҳномаи Фирдавсӣ аз чанд қисмат иборат аст ва номҳояшонро гӯед? Шохномаи Фирдавси аз чанд кисм иборат аст ва номаша гуед?

Аз Зоҳидҷон

#Ҷавоб

Аз рӯйи муҳтаво «Шоҳнома» ба се бахш тақсим мешавад:

  1. Давраи асотирӣ: аз подшоҳии Каюмарс – нахустин башар ва нахустин подшоҳ то замони подшоҳии Фаридун.
  2. Давраи паҳлавонӣ: аз қиёми Кова то марги Рустам.
  3. Давраи таърихӣ: аз охирҳои аҳди Каён ба баъд.

«Шоҳнома» аз муқаддима ва се кисми асосӣ иборат аст.

Қисми якуми «Шоҳнома» аз муборизаи ду қувваи асосии ҷаҳон— Аҳура Маздо — Ҳурмуз ва Аҳриман, ки ҳамеша ба муқобили ҳамдигар мубориза мебурданд, cap мешавад.

Қисми дуюми «Шоҳнома» аз он cap мешавад, ки Фаридун абераи худро ба тарбияи Сом, ки аз феодалҳои бузурги Сиистон буд, месупорад.

Қисми сеюми «Шоҳнома» давраи таърихӣ аст. Дар ин қиём давраи сулолаи Ҳахоманишиҳо ё ки Каёниён, мағлуб шудани охирин подшоҳи ин сулола Доро ва Эронро забт кардани Искандари Македонӣ тасвир ёфтааст.

Муфассал оиди “Қисматҳои Шоҳнома” дар инҷо <<

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
4 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Лола
Лола
3 сол пеш

Барои чи шоҳнома ба яздигури 3 тамом мешавад

Идрис
Идрис
1 сол пеш

Номи якуми шохнамаи Абдулкосими Фрдафси чи буд

Марчона
Марчона
1 сол пеш

Шохнома аз чанд кисм иборат аст

Оиша
Оиша
ҷавоб дод ба  Марчона
7 моҳ пеш

Аз 3 кисмат
1асотири
2пахлавони
3тарихи