Дар намоз барои саҷдаи саҳв ба як тараф салом медиҳанд ё ҳар ду тараф?

0

# Савол

Дар намоз танҳогузор саҷдаи саҳвро як тараф медиҳад ё ҳар ду тараф?

# Ҷавоб

Агар бар касе саҷдаи саҳв воҷиб шавад, танҳо ба як тараф салом медиҳад, хоҳ танҳогузор бошад, хоҳ имом ва хоҳ муқтадӣ. Дар китоби “Раддул-муҳтор”, боби “Суҷуди саҳв” чунин меорад:

يَجِبُ بَعْدِ سَلَامٍ وَاحِدٍ عَنْ يَمِينِهِ فَقَطْ سَجْدَتَانِ و تَشَهُّدٌ وَسَلَامٌ

“Пас аз як саломи танҳо ба ҷониби рост, ду саҷда кардан, ташаҳҳуд хондан ва салом додан воҷиб аст”.

 

Шӯрои уламо (103)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)