#Савол
Ҷумлаи амрӣ чист? (Чумлаи амри чист?)
#Ҷавоб
Ҷумлае, ки даъвату фармон ва ё хоҳишу илтимосро ифода мекунад, ҷумлаи амрӣ ном дорад. Дар охири ҷумлаи амрӣ аломати нуқта гузошта мешавад.
Эҳ, хоҳар, ташвиши зиндагӣ ҳеҷ вақт тамомӣ надорад. Гиред, гиред, ин хел накунед. Ҳа, Ҷӯрабой, дуторро гирифта, барои хоҳарам Лола ягон суруд хон (М.Ҳакимова).
