# Савол
Дар вакти хондани намози казои чи гуна ният кардан даркор? Нияти намози қазоӣ чихел аст?
Аз Наврӯз
# Ҷавоб
Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар қазои намози ҳамин рӯз ё дирӯзро гузоридан хоҳед, пас чунин ният кунед:
Ният кардам бигузорам фарзи намози бомдод (ё пешин)-и қазоии ҳамин рӯз (ё дирӯз), рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.
Агар намозҳои қазоии гузаштаро мегузоред, пас равиши нияти он намозҳо чунин аст:
Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.
Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед:
Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2655)
Ва алайкумуссалом. Нияти қазои намози фарзи гузашта гуфта хонед мешавад. Мисол ду ракаъат қазои бомдодро мехонам Аллоҳу Акбар…
Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ
Ассалому алейкум гуфтам фахмам максадии ман казохои 25 соларо кам кам баъди хуфтан адо кунам дар хамин холат чи ният… Муфассал »
Воалейкум салом. Узр барои дер ҷавоб додан. Бале, агар қазоии намози витрро хонданиед, тибқи гуфтаатон ният кунед мешавад. Агар, масалан… Муфассал »
Салом алейкум ман чанд боре хаст ки да ин чо савол медихам лекин саволи маро кур мекунанд Як бори дигар… Муфассал »
Воалейкум салом. Узр, мо саволи шуморо тоза накардем, танҳо он дертар аз тасдиқи мудирият гузашт. Ба саволи шумо ҷавоб додем.… Муфассал »