Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва иҷлосияи тақдирсоз (иншо)

0

Пешвои миллат – Эмомали Рахмон ва ичлосияи такдирсоз (иншо). Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва иҷлосияи тақдирсоз (иншо, эссе)

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷикон

“Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Оре, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.
Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, ва барои эҳёи фазои сиёсӣ, заминаҳои давлатдории навин ва бақои миллатро асос гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату мардонаги мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд. Бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулоддаи сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Таърих гувоҳ аст, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои созандаи қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар тӯли 30-соли истиқлолияти кишвари мо таҳти сарвари Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид.

Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Дар ҳақиқат, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Дар арафаи ҷашни 30- солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи беш аз ҳазорсолаи аҷдодони сарфарози мо баъди пош хӯрдани давлати бузурги Сомониён буд, бо роҳбарии бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 30-соли охир корҳои зиёде анҷом дода шуд.

Натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳамин дастовардҳо аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйи солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон бо унвону мукофотҳои сершумори ватанию байналмиллалӣ сарфароз гардидааст. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманд дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандона дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардум бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардиданд.

Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад.

Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоранд. Мо бояд муҳимияти таърихии иҷлосияи таърихсоз ва корнамоиву хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша омӯзем, қадр намоем ва ба насли оянда мерос гузорем.

Холиқов Шодоб Хӯҷамқулович – муовини декан оид ба таълими факултети иқтисоди ДДХ ба номи М.Назаршоев.


Шеър дар васфи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон

Эмомали Рахмон – Пешвои миллат

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст