# Савол
Дуои аёдати бемор / дуо барои беморон. Дуо хангоми хабар гирифтани бемор
# Ҷавоб
Дуои аёдати бемор: «Ло баъса таҳурун иншоаллоҳ».
Ғамгин машав, ин беморӣ иншоаллоҳ поккунандаи гуноҳон аст.
«Асъалуллоҳал-Ъазим, Раббал-ъаршил-ъазим ан яшфияк».
Аз Худои бузург, Парвардигори арши азим хоҳонам, ки туро шифо диҳад.
Шӯрои уламо
