“Ло хавла ва ло куввата” чи маъно дорад ва дар кадом сураи Куръон омадааст?

0

#Савол

“Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” чӣ маъно дорад ва дар кадом сураи Қуръон омадааст? “Ло хавла ва ло куввата” чи маъно дорад ва дар кадом сураи Куръон омадааст?

#Ҷавоб

“Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” оят нест, балки дуо аст, ки дар аҳодиси Паёмбар (с) ворид шудааст ва гуфтани он савоби зиёд дорад.

Аз Абўмусои Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Расули акрам (с) ба ман фармуданд: “Оё туро ба ганҷе аз ганҷҳои биҳишт роҳнамоӣ накунам?” Гуфтам: “Оре, эй Расули Худо (с)!” Фармуданд: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”.

Маънои “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” чунин аст: Нест тавоноие ва нест қудрате, магар ба ёрии Худованди баландмартабаи боазамат. Яъне банда аз маъсият бозгаште надорад, магар ба исмати Худованд ва бар тоати Худованд тавоноӣ ҳам надорад, магар ба тавфиқи Худованд.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1988)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии