Ишроқ чист? Ишрок чист?

0

# Савол

Ишроқ чист? Ишрок чист?

# Ҷавоб

Ишроқ вожаи арабӣ буда, маънии он дурахшидан, равшан шудан, баромад ё тулӯи офтоб мебошад. Ба маънии истилоҳӣ бошад, номи ҷараёни фалсафии асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки моҳияти он шарҳу тавзеҳ ва шинохти олам дар шакли нур аст. Ишроқиён ё ишроқиюн пайравони фалсафаи ишроқро гӯянд. Дар Ғарб саромади ишроқиён Суқрот ва Афлотунро мегӯянд. Дар Шарқи исломӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ (1155-1191), ки бо лақаби «Шайхи Мақтул» маъруф аст, забардастарин намояндаи он мебошад.

Муфассал

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)