Намудҳои мурофиаи гражданӣ кадомҳоянд?

0

# Савол

Намудҳои мурофиаи гражданӣ кадомҳоянд? Намудхои мурофиаи граждани кадомхоянд?

# Ҷавоб

Намуди мурофиаи гражданӣ – тартиби махсуси баррасӣ ва ҳал намудани гурӯҳи муайяни парвандаҳои гражданӣ мебошад.

Мувофиқи қонун мурофиаи гражданӣ ба чор намуд тақсим мешавад:

  1. Мурофиаи фармонӣ гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои граждании бебаҳсро ҷиҳати ситонидан ё баргардонидани маблағ ё амволи манқул меноманд.
  2. Мурофиаи даъвогӣ гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳоеро меноманд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии сохторашон хусусӣ бармеоянд ва як тарафи онҳо ҳамавақт шаҳрвандон мебошанд.
  3. Мурофиа оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии омма бармеоянд гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳоро меноманд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, гумрук ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии сохторашон ветрикалӣ бармеоянд ва як тарафи онҳо ҳамавақт шаҳрванд мебошад.
  4. Мурофиаи махсус гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданиро оид ба муқаррар намудани фактҳо ва вазъи ҳуқуқӣ меноманд. Ба мурофиаи мазкур он парвандаҳои граждание дохил мешавад, ки аз рӯи мазмуни худ бояд дар мақомоти гуногуни идоракунии давлатӣ ҳалли худро ёбанд. Махсус будани тартиби ин мурофиа дар иштироки ҳатмии прокурор, мӯҳлату тартиби иҷрои ҳалнома низ ифода мегардад.

Муфассал >> 

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст