# Савол
Барои чӣ фариштаҳо аъмолҳои бандагонро менависанд, дар сурате, ки ҳамаи аъмолҳои банда ба Худо маълум аст?
# Ҷавоб
Навиштани фариштагон аъмоли бандагонро барои озмоиш ва огоҳ сохтани худи онҳост, зеро табъи башарӣ чунин аст, ки вақте ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд, ба инкор кардан рӯй меорад, бо вуҷуди ин ки рӯзи қиёмат ба шаҳодати Қуръон узвҳо ба сухан меояд, илова бар ин аъмоли ҳар як шахс ба дасти худ дода мешавад, ки худаш онро мехонад.
«Маориф-ул-Қуръон», ҷ.5, саҳ.110-111. Шӯрои уламо (404)
