Дар асл як сол чанд шабонаруз аст?

0

# Савол

Дар асл як сол чанд шабонаруз аст? Даврзании Замин дар атрофи Офтоб чанд руз аст?

# Ҷавоб

Мо як солро 365 шабонарӯз қабул кардаем. Аммо дар асл бошад, даврзании Замин дар атрофи Офтоб 365 шабонарӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сонияро ташкил мекунад. Дар натиҷаи чунин гардиш дар чор сол як шабонарӯзи изофа ҳосил мешавад. Аз ин ҳисоб ҳар соли чорум 366 рӯзро ташкил мекунад, ки онро соли кабиса (арабӣ-дароз) меноманд. Дар соли қабиса моҳи феврал 29 рӯз дорад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст