Маънои эҳтикор чист? Эхтикор дар Ислом

0

# Савол

Маънои эҳтикор чист? Эҳтикор дар Ислом

# Ҷавоб

Эҳтикор дар луғат ба маънои нигоҳ доштани чизе барои баланд шудани қимати он омадааст. Дар шариат нигоҳ доштани озуқаи инсон ва ҳайвон барои баланд шудани нархи он мебошад. Ин маводро харида дар ягон ҷо нигоҳ доштан, бо мақсади зиёд шудани нархи он, баъдан онро ба фурӯш баровардан, макрӯҳ аст.

Расули Худо (с) фармуданд: “Шахсе озуқаро барои баланд шудани нархаш чил рӯз нигоҳ дорад, аз Худо безор аст ва Худо ҳам аз ӯ безор аст”.( Имом Аҳмад ва Ҳоким).

Шӯрои уламо (295)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст