Шакли сиёсат чист?

0

# Савол

Шакли сиёсат чист?

# Ҷавоб

Шакли сиёсат ин ифодаи институтсионалии сиёсат, ташкили сохтори он, инчунин меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва анъанаҳои сиёсӣ буда, барои муътадил нигоҳ доштан ва танзим намудани рафтори сиёсии одамон ва инчунин нигоҳ доштани тавозуни ҷамъиятӣ хизмат менамояд.

Шакли сиёсат сохтори ташкилии онро ифода менамояд. Чунончи, институтҳои системаи сиёсӣ –давлат, қисмҳои таркибии он, шохаҳои ҳокимият; системаҳои ҳизбӣ; гурӯҳҳои манфиатдор; меъёрҳои иҷтимоӣ – урфу одат, анъана, қонунҳо ва ғ.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст