Наслҳои МЭХ кадомхоянд? Наслҳои компьютер

0

# Савол

Наслҳои МЭҲ кадомҳоянд? Наслҳои компьютер

# Ҷавоб

Компютерҳои то солҳои 90-уми асри ХХ истеҳсолшударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд:

насли якум (солҳои 40-50). Ҷузъи пойгоҳӣ – лампаҳои электронӣ, зудкорӣ – тақрибан 100 амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифода – монополӣ (захираҳои мошинӣ – хотира, сахтафзор, нармафзор ва идораи он дар ихтиёри як нафар), барномасозӣ – забони мошинӣ (рамзи дуӣ).

насли дуюм (солҳои 50-60). Ҷузъи пойгоҳӣ – транзисторҳо, зудкорӣ – тақрибан 10000 амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10000 калима, ҳаҷми хотираи беруна (дискҳо ва фиттаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн. калима, реҷаи истифода – коркарди дастаӣ (пакетӣ), барномасозӣ – забонҳои алгоритмӣ.

насли сеюм (солҳои 60-70). Ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои (схемаҳои) интегралии калон, зудкорӣ – тақрибан 10 млн. амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ – тақрибан 10 млрд. калима, реҷаи истифода – вақти тақсимшуда бо коркарди дастаӣ.

Эзоҳ: Реҷаи вақти тақсимшуда шакли корбариест, ки тибқи он компютер аз рӯи ҳиссаҳои хурди вақт (порсияҳо) якбора якчанд масъаларо ҳал менамояд.

насли чорум (аз солҳои 70-ум). Ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусияти фарқкунандаи мошинҳои ин насл – мавҷудияти миқдори зиёди таҷҳизоти коркарди параллелии иттилоот ва истифодаи ҷузъҳои архитектураи нави МЭҲ мебошад. Дар се насли аввала архитектураи фон Нейман истифода шудааст. Дар сохтори компютерҳои насли чорум робитаи зичи сахтафзор ва нармафзор ба роҳ монда шуд. Зудкорӣ – тақрибан як млрд. амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млрд. калима. Реҷаи кор – истифодаи шабакаҳои компютерӣ ва компютерҳои алоҳида.

Пас аз солҳои 90-уми асри ХХ ва махсусан ибтидои асри ХХI тадқиқотҳо доир ба офариниши компютерҳои наслҳои панҷум ва шашум шурӯъ шуданд. Ҳоло барои сохтани компютерҳои насли панҷум корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

насли панҷум. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл аллакай амалӣ шуда истодаанд. Дониши андӯхтаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар шакли пойгоҳи додаҳо ва донишҳо дар ин компютерҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои таҷрибавии компютерҳои ин насл аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин ҷо амали зудкорӣ бо хулосаҳои мантиқӣ омезиш ёфтаанд. Реҷаи истифода – робитаи садоии байни корбар ва компютер бо забони табиӣ мебошад. Барои истифода бурда тавонистани компютер умуман донистани илми барномасозӣ ҳатмӣ нест. Саҳми коғаз ҳамчун барандаи иттилоот тамоман коҳиш меёбад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст