# Савол
Маънои номи Субҳиддинро мефаҳмондед. Маънои номи Субхиддинро мефахмондед. Маънои номи Субҳиддин / Субхиддин
# Ҷавоб
Калимаи “субҳ” дар луғат ба маънои бомдод, сапедадам ва вақти сафед шудани рӯз, маҷозан оғози чизе буда, калимаи “дин” ба маънои оину мазҳаб мебошад. Пас, маънои ин ном оғози динро ифода мекунад ё ки соҳиби он дар дин чун субҳ равшан аст, яъне рафтору гуфтораш поку соф ва барои дин ҳамчун субҳ манфиатнок мебошад.
Шӯрои уламо (2348)
Ҳамчунин маънои номҳоятонро аз ин боти телеграмӣ дарёфт карда метавонед: Номнома