Шайтон доимо васвасаам мекунад, ҳатто дар вуҷуд доштани Худо

0

# Савол

Ман намозхон ҳастам, вале дар намоз сустӣ мекунам, доим маро шайтон васваса мекунад, ҳатто дар вуҷуд доштани Худо. Ман мехоҳам ба Худо наздик шавам, то ки аз шайтон эмин бошам. Гӯед, ки чӣ чиз васвоси шайтонро дур мекунад? Ба ман ёрии шумо зарур аст.

# Ҷавоб

Бародари азиз, шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр гӯед, инчунин пеш аз хоб “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро бихонед ва бар худ бидамед.

Барои ҳифозат аз ин гуна васвасаҳо Паёмбар (с) дуои зайлро мехонданд: «Рабби аъузу бика мин ҳамазотиш-шаётин ва аъузу бика Рабби ан яҳзурун». Яъне:  «Эй Парвардигори ман, аз дағдағаҳои шайтонҳо ба Ту паноҳ мебарам ва ба Ту эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам аз он ки пеши ман ҳозир шаванд!».

Шӯрои уламо (1835)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст