Ангуштарии (чалаи) тилло барои мард чӣ ҳукм дорад?

0

Суоли шаръӣ – 2. Ангуштарии (чалаи) тилло барои мард чи хукм дорад? Ҳукми доштан (бар тан кардан)-и ангуштарии тилло барои мардҳо.

ҲУКМИ ДОШТАН (БАР ТАН КАРДАН)-И АНГУШТАРИИ ТИЛЛО БАРОИ МАРДҲО

Суол:

Ангуштарии тилло барои мард чӣ ҳукм дорад. Каме тавзеҳ медодед…

Ҷавоб:

Тилло аз василаи ороишу зинати занон буда шариат онро хоси занон гардонида барои мардони мусалмон доштан (дар даст кардан)-и он қатъиян манъ аст.

Дар ҳама чаҳор мактаби фиқҳӣ (ҳанафӣ, моликӣ, шофиъӣ ва ҳанбалӣ) пӯшидани ангуштарии тилло амали ҳаром буда дар ҳаром будани ин амал ҳама олимону фақеҳони ислом иттифоқи назар доранд.


ДАЛЕЛҲО БАР МАСЪАЛА

Дар ин маврид аз Паёмбар (с) аҳодиси саҳеҳ ривоят шуда аст.

Имом Абудовуд (ҳадиси, 4057), имом Насоӣ (5144) ва Ибни Моҷа (3595) аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят кардаанд, ки:

أخذَ النبيُّ حريرًا فجعلَهُ في يَمينِهِ وأخذَ ذَهَبًا فجعلَهُ في شمالِهِ ثمَّ قالَ: إنَّ هذَينِ حَرامٌ على ذُكورِ أمَّتي.

«Паёмбар (с) рӯзе ҳарир (арбешим)-ро дар дасти рости худ ва тиллоро дар дасти чапи худ бардошта фармуданд: Ҳамоно, ин ду бар мардони уммати ман ҳаром ҳастанд.”

Инчунин, аз Алӣ (р) ривояти дигаре, ки онро имом Муслим (2078), Абудовуд (4044), Тирмизӣ (1737), Ибни Моҷа (3654) ва Насоӣ (5166) ривоят кардаанд, омада аст, ки эшон гуфтаанд:

نَهاني رسولُ اللهِ ﷺ عنِ التَّخَتُّمِ بالذَّهبِ

“Фиристодаи Худо (с) маро аз доштани ангуштарии тилло манъ карданд.”

Имом Марғилонӣ дар Ҳидоя, китоби “Кароҳият” ки яке аз муътабартарин сарчашмаҳо дар фиқҳи ҳанафӣ маҳсуб аст, мегӯяд:

ولا يجوز للرجال التحلي بالذهب، ولا بالفضة، إلا الخاتم…

“Барои мардон ҷоиз нест бо тилло ва ё нуқра худро ороиш диҳанд, ба истиснои ангуштарии нуқрагин, ки ҷоиз аст…”

Аз баски ҷавонони мусалмони зиёдеро дар ин аср дида мешавад, ки бо пайравӣ аз миллатҳои ғайримусалмон аз маъданҳои дигар (ғайри тилло) дар худ гарданбандҳо, дастбандҳо… доранд, ҷо дорад қайд намоем, ки барои мардҳо танҳо ангушатрии нуқра рухсат аст, дигар ҳеҷ навъи ороиш, мисли гардандбанд, дастбанд…сарфи назар аз чӣ навъ маъдан аст (ҳатто агар аз тилло ҳам набошад) ба тан карданаш ҷоиз нест.


САРЧАШМАҲО

  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ. Саҳеҳи Муслим.
  • Абудовуди Сиҷистонӣ. Сунани Абудовуд.
  • Ибни Моҷаи Қазвинӣ. Сунани Ибни Моҷа.
  • Абуисои Тирмизӣ. Сунани Тирмизӣ.
  • Бурҳонуддини Марғилонӣ. Ҳидоя.
  • Бурҳонуддини Марғилонӣ. Мухтороттунавозил.
  • Абдулҳамид Таҳмоз. Фиқҳ-ул- ҳанафӣ фи савбиҳ-ил- ҷадид.

Суоли 2, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 17.05.2020.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст