Оиди “Сидратул-мунтаҳо” маълумот медодед

0

# Савол

Оиди “Сидратул-мунтаҳо” маълумот медодед. “Сидрат ул мунтахо”

# Ҷавоб

он чи дар бораи “Сидратул-мунтаҳо” гуфта шудааст, ин аст, ки он номи дарахтест дар наздики ҷаннат, ки баргҳо ва меваҳои хеле бузург дорад. Он мақоме аст, ки мунтаҳои аъмоли мардум ва ниҳояти расидани илми ҳар пайғамбари мурсал ва фариштаи муқарраб мебошад. Ҳеҷ кас ба ҷуз Пайғамбар (с) аз ин мақом нагузаштааст, чунончи дар ҳадиси меъроҷ муфассал баён шудааст.

Шайх Саъдии Шерозӣ (р) дар муқаддимаи “Бӯстон” мегӯяд:

Шабе барнишаст, аз малак даргузашт,
Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.

Чунон гарм дар тиҳи қурбат биронд,
Ки дар Сидра Ҷабраил аз ӯ бозмонд.

Бад-ӯ гуфт солори Байтул-ҳаром,
Ки: “Эй ҳомили ваҳй, бартар хиром”.

Бигуфто: “Фаротар маҷолам намонд,
Бимондам, ки неруи болам намонд.

Агар як сари мӯе бартар парам,
Фурӯғи таҷаллӣ бисӯзад парам”.

Шӯрои уламо (809)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)