# Савол
Саволу ҷавоб чист? Саволу ҷавоб дар адабиёт / санъати бадеӣ
# Ҷавоб
Саволу ҷавоб санъати бадеиест, ки шоир дар шеър бо савол ва ҷавоб ба он сухан гӯяд. Чунонки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кардааст:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар!
Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На. Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Чу шакар!
Дар шеърҳое, ки ин санъат ба кор рафтааст, шоирон одатан аз калима ва таркибҳое мисли “гуфтам” ва ”гуфто”, “бигуфт” ва “бигуфто”, “савол” ва “ҷавоб”, “пайғом” ва “паём” ва ғайра фаровон истифода менамоянд.
