# Савол
Фаридуддини Аттори Нишопурӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Шайх Аттор.
Фаридуддини Аттори Нишопури кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Шайх Аттор.
# Ҷавоб
Аттор тахминан дар солҳои 1148/51 дар деҳаи Кадкани наздики Нишопур таваллуд ва ба қавле ҳангоми қатли оми аҳолии Нишопур дар солҳои 1219/21 аз дасти сарбозони муғул кушта шудааст.
# Намунаи ашъор
Ҳар ки онро се аломат бошадаш,
Дар ҷаҳон аҳли саодат бошадаш.
Аввалан, бо айб набвад дар ҷаҳон,
Дар маломат ҳеҷ накшояд забон,
Заҳмати худро зи мардум дур дор,
Бори худ бар кас маяфган, зинҳор.
Ҳар киро бинӣ ба роҳи носавоб,
Сар ба роҳаш ор, то ёбӣ савоб.
