Баъд аз тавалуд зан то чанд мудат намоз набояд хонад?

0

# Савол

Ассалому алейкум. Баъд аз тавалуд зан то чанд мудат намоз набояд хонад. То 40 рӯз намоз нахондан ҳатмист?

Аз Ислом

# Ҷавоб

 Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

Бародари азиз, зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рӯз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рӯ, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рӯз ё сию панҷ рӯз нифос мебинаду бас.

Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рӯз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рӯзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад.

Шӯрои уламо (2731)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст