# Савол
Саъдии Шерозӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи Ашъори Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерози кай ва дар кучо ба дунё омадааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи Ашъори Саъдии Шерози
# Ҷавоб
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст.
Саъдии Шерозӣ умри дароз дидааст, аз сад ҳам гузашта, соли 1292 аз олам даргузаштааст.
# Намунаи ашъор
Ҷавонмардию лутф аст одамийят,
Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор!
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро, гар тавонӣ , дил ба даст ор!
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯйӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Бо ин ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон гӯйӣ равонам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Саъдӣ, фиғон аз дасти мо лоиқ набуд, эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
