IT чист? Технологияи иттилоотӣ чист?

0

# Савол

Технологияи иттилоотӣ чист? IT чист?

# Ҷавоб

Равандҳои иттилоотӣ ба воситаи технологияҳое пеш мераванд, ки онҳоро технологияҳои иттилоотӣ мегӯянд. Мафҳуми «технологияи иттилоотӣ» (ТИ) ҳамрадифи мафҳуми англисии Information Technology (IT) мебошад. Тавре медонем, технологияи иттилоотиро технологияи компютерӣ низ мегӯянд.

Калимаи «технология — techne» юнонӣ буда, маънояш маҳорат, санъат, тавоноӣ, ухдабароӣ ва кордонӣ мебошад.

Технологияи иттилоотӣ чист? Технологияи иттилоотӣ равандест, ки бо истифода аз маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои коркарду интиқоли додаҳо ва иттилооти аввала, барои ба даст овардани иттилооти сифатан нав пешбинӣ шудааст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст