Расми шахси вафоткардаро дар интернет ворид кардан …

0

# Савол

Сурати одами вафоткардаро дар интернет ворид кардан ё дар телефон сабт намудан мумкин аст?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад. Мурдагон ниёз ба дуо доранд, на ба гардондани расмҳояшон, агар хоҳед, ки мурдагон аз шумо хурсанд шаванд, арвоҳашонро бо дуо ва тиловати Қуръон шод гардонед.

Шӯрои уламо (1447)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст