Тарзи дуруст бардоштани дастҳо дар вақти дуо

0

# Савол

Тарзи дуруст доштани дастҳоро дар вақти дуо ва равиши молидани дастҳоро ба рӯй бо аҳодис мефаҳмондед? Чунки байни мардум дар ин маврид ақидаҳои зиёдест, “дастҳоро ин тавру он тавр надор” гуфта ба мо бисёр хитоб мекунанд. Оё бо як даст дуо кардан савоб мегирем? Бо як даст ягон ашёро дошта, бо дасти дигар дуо кунем, дар мазҳабамон раво аст?

Тарзи дуруст бардоштани дастхо дар вакти дуо

# Ҷавоб

Бардоштани дастҳо дар вақти дуо ва ба рӯй молидани онҳо суннат аст, зеро осмон қиблаи дуост, чунонки Каъба қиблаи намоз аст. Дар ҳадис ворид шуда, ки Расули Худо (с) вақте ки дуо мекарданд, дастҳояшонро ба сӯи осмон мебардоштанд ва ба рӯйашон мемолиданд.

Равиши суннати дуо ин аст, ки ҳар ду каффи дастро баробари сина қарор дода, ҳоҷати худро аз Худованд бихоҳад. Бо як даст дуо кардан хилофи тавозуъ ва одоби дуо аст ва дар мазҳаб ворид нашудааст.

Аз Салмон (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Воқеъан Парвардигори шумо бисёр боҳаё ва карим аст, вақте банда дастҳояшро ба сӯи Ӯ баланд кунад, ҳаё мекунад, ки онро холӣ баргардонад”. (Ривояти Абӯдовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким)

Инчунин аз Умар (р) ривоят аст, ки фармуд: “Расули Худо (с) ҳаргоҳ дастҳояшонро барои дуо баланд мекарданд, то вақте ки онҳоро ба рӯйаш намемолиданд, фуруд намеоварданд”. (Ривояти Тирмизӣ).

Шӯрои уламо (1082)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст