Сачдаи тиловат чист? Тарзи саҷдаи тиловат кардан

0

# Савол

Сачдаи тиловат чист? Тарзи саҷдаи тиловат кардан.

Дар бораи саҷдаи тиловат ба тафсил фаҳмонед, чӣ хел бояд ният кард ва чанд бор саҷда кард, салом бояд дод ё на?

# Ҷавоб

Саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, як бор саҷда бар вай лозим мешавад. Пас аз адои саҷда салом додан лозим нест.

Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”.

Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар.

Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад:

“Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”.

Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Туст”.

Шӯрои уламо (1891)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)