Дар масҷид суннати намозро пеш аз азон хондан дуруст аст?

0

# Савол

Шахсе ҳар рӯз пеш аз дигарон ба масҷид омада, соати 12:40 азон ногуфта чаҳор ракъат суннати пешинро мегузорад. Оё намози ин шахс дуруст аст?

# Ҷавоб

Азон додан барои огоҳӣ аз фарорасии вақтҳои намоз суннат аст ва он фақат барои намозҳои фарз дода мешавад, на барои намозҳои суннат. Аз ин хотир агар шахсе пас аз даромадани вақт пез аз додани азон намози суннатро гузорад, намозаш дуруст мешавад.

Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” меорад: “Пас аз даромадани вақт қабл аз намозҳои фаризаи панҷгона ва низ пеш аз намози фарзи ҷумъа азон гуфтан суннат аст”. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 7)

Шӯрои уламо (1357)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст