# Савол
Нахлӣ Муҳаммади Бухороӣ ё Кирмонӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Нахлӣ Муҳаммади Бухороӣ / Кирмонӣ.
Нахли Мухаммади Бухорои ё Кирмони кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Нахли Мухаммади Бухорои / Кирмони.
# Ҷавоб
Нахлӣ Муҳаммади Бухороӣ аз шоирони намоёни лирики аввали асри 17 тоҷик мебошад. Тақрибан байни солҳои 1581- 86 дар Бухоро таваллуд шуда, тақрибан миёни солҳои 1645-50 дар Балх вафот кардааст. Шоири тоҷик бо тахаллуси «Кирмонӣ» ҳам шеър гуфтааст.
# Намунаи ашъор
Ғарқи хун созад таманнои ту доғи синаро,
Ҳалқа бар гӯш афканад акси лабат оинаро.
Васл агар набвад маро савдои зулфе хам бас аст,
Тифли мактаб ин медонад шаби одинаро.
Дарди ӯ дар пардаҳои дида пинҳон сохтам
В-аз саводи дида кардам мӯҳр ин ганҷинаро.
Нахлӣ, аз меҳре, ки худ бо дӯст дорӣ, дам мазан,
Тарсам, аз меҳри ту рашк огоҳ созад кинаро.
Баски ҳаҷри ту кашад танг дар оғӯш маро,
Ҳасрати мурдани ҳар кас барад аз ҳуш маро.
Меҳр мегӯяму ҷон меканаму мегирям,
Модари толеъи ман карда фаромӯш маро.
Мурғи печида ба домам, зи аҷал бокам нест,
Ки ғам аз давлати худ карда зиреҳпӯш маро.
Нахлӣ, ар ҷилваи ширинии дунё ин аст,
Неш сад мартаба беҳтар бувад аз нӯш маро!
