Типи лавҳашаклҳо чи гуна тип аст?

0

# Савол

Типи лавҳашаклҳо чи гуна тип аст?

# Ҷавоб

Ба бисёрҳуҷайраҳои дараҷаи паст лавҳашаклҳо ва исфанҷҳо дохил мешаванд. Лавҳашаклҳо аз ҳама бисёрҳуҷайраҳои одӣ мебошанд. Танаи онҳо ҳамвор буда, 3-4 мм андоза доранд. Дар баҳрҳо ба таври хазидан ҳаракат мекунанд. Намояндаи тип трихоплакс буда, шакли баданаш дар вақти ҳаракат тағйир меёбад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)