Масъуди Саъди Салмон кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Масъуди Саъди Салмон кай таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Масъуди Саъди Салмон.

# Ҷавоб

Масъуд тақрибан соли 1046 дар Лоҳур, дар хонаводаи дафтардори дарбори Маҷдуд ибни Масъуди Ғазнавӣ ба дунё омада, соли 1121 вафот кардааст.

# Намунаи ашъор

Нишастаам зи қадам то сар андар оташу об,
Тавон нишастан сокин чунон дар оташу об.

Ҳаме нахуспам шабҳову чун тавонад хуфт
Касе, ки дорад болину бистар оташу об.

Ҳама бикардам дар ҳиллате, ки донистам,
Маро нашуд зи дилу дида камтар оташу об.

Зи об ораз дорад бутам, зи оташ рух,
На бас шигифт бувад бар санавбар оташу об.

Набаст сурати мо бо ҷамоли сурати ӯ,
Нашуд падид, ки гардад мусаввар оташу об.

Накард ёди ману ёдгор бидод моро,
Хаёли он санами моҳманзар оташу об.

Бирафт ёраму ман мондаму бирафту намонд,
Зи ранҷ дар дилу аз дард дар бар оташу об.

Басо шабо, ки дар ӯ рашк бурду ранг овард,
Зи гунаи маю аз лавни соғар оташу об.

Нишастаму зи дилу чашми хеш биншондам,
Ба васли он бути дилҷӯй яксар оташу об.

Басо, фаровон рӯзо, ки саробу самум
Гирифт рӯйи ҳама дашт яксар оташу об… >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)